Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон Аҳмадинажодро аз тахриби ҳамоиш ҳушдор дод


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ҳар навъ талоши раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати тахриби кори анҷумани байналмилалии ҳастаӣ ба нокомӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд. Ин анҷуман, ки ба арзёбии ҷараёни иҷрои паймони байналмилалии манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ ихтисос хоҳад ёфт, рӯзи душанбе дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк ифтитоҳ мешавад ва Аҳмадинажод ба манзури ширкат дар ин ҳамоиш дархости визаи Амрико кардааст. Дирӯз сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, хеле баъид аст, ки дар СММ гуфтугӯи рӯбарӯи намояндагони Амрикову Эрон доир шавад.
XS
SM
MD
LG