Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Янукович барои имзои қарордод бо Русия


Як мақоми баландпояи ҳукумати эътилофии Украина, раиси ҷумҳур Виктор Януковичро барои тамдиди ҳузури сипоҳи нерӯҳои баҳрии Русия дар Севастопол интиқод кард. Сергей Тигипко, муовини нахуствазири Украина дар умури иқтисодӣ, дар сӯҳбате бо хабаргузории "Ассосиейтед Пресс" гуфтааст, бо вуҷуди манфиати иқтисодии қарордоди дуҷониба, Виктор Янукович дар музокирот бояд бозтар мебуд. Сергей Тигипко гуфтааст, “Музокирот дар мавриди қарордод ва ниҳоӣ кардани он дар паси дарҳои баста” чизе нест, ки миллати Украина мехост. Қарордод доир ба тамдиди ҳузури сипоҳи нерӯҳои баҳрии Русия дар шаҳри бандарии Севастополи Украинаро, рӯзи чаҳоршанбе Дмитрий Медведев ва Виктор Янукович имзо карданд. Бар асоси он, нерӯҳои Русия баъди соли 2017 ҳам дар Севастопол хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG