Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои муштараки низомӣ дар Чоруқдаррони Тоҷикистон


Имрӯз дар маҳалле бо номи Чоруқдаррон, воқеъ дар шимоли Тоҷикистон машқҳои муштараки низомии нируҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ бо номи "Рубеж-2010" шурӯъ шуд. Дар ин машқҳо 3 кишвари Осиёи Марказӣ Тоҷикистону Қазоқистон ва Қирғизистон бо Русия, яъне чаҳор кишвари узви ин паймон ширкат доранд. Ӯзбекистон дар ин машқҳо ширкат намекунад, вале як гурӯҳи нозири худро фиристодааст. Сарҳанг Олег Юшков-сухунгӯи фармондеҳи нируҳои пиёданизоми Русия гуфт, дар ин машқҳо амалиёти муштараки зидди террористӣ дар қаламрави Тоҷикистон тамрин мешавад.
XS
SM
MD
LG