Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурмонбек Боқиев, Қазоқистонро тарк кардааст


Вазорати умури хориҷии Қазоқистон эълом кард, ки Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршудаи Қирғизистон он кишварро тарк кардааст. Боқиев баъди шӯридани мардум ба зидди ӯ ба Қазоқистон гурехт. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфт, Боқиев, “қаламрави Қазоқистонро тарк кардааст”, аммо нагуфт, ки ӯ ба кадом кишвар рафтааст. Қурмонбек Боқиев, 8 рӯз баъд аз шӯридани мардум ба зидди ҳукуматаш ва тазоҳуроти хунини шаҳри Бишкек, ки 80 кушта бар ҷой гузошт, аз Қирғизистон фирор кард.
XS
SM
MD
LG