Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омӯзгорони ҷавони тоҷикро ҷарима кардаанд


Вазорати маорифи Тоҷикистон, бештар аз 300 хатмкардаи донишгоҳҳои омӯзгориро барои сарпечӣ аз тадрис дар макотиби кишвар ба додгоҳ кашидааст. Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири маориф, рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, додгоҳ ду хатмкардаи донишгоҳро, ки тавсияи вазоратро нодида гирифта ва барои тадрис ба мактаб нарафтаанд, ҷарима кардааст. Дар Тоҷикистон, дар сурати таҳсил дар донишгоҳҳои давлатии омӯзгорӣ, хатмкарда муваззаф аст, бар асоси тавсияи вазорат ба мактаби хосе барои тадрис биравад. Аммо музди ками омӯзгорӣ, сабаб мешавад, то омӯзгорони ҷавон, барои пешбурди зиндагӣ пешаҳои дигареро ихтиёр кунанд.
XS
SM
MD
LG