Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ноиби Аҳмадинажод ба фасоди молӣ айбдор шуд


Вакилони муҳофизакори парлумони Эрон Муҳаммадризо Раҳимӣ, ноиби аввали раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажодро ба фасоди молӣ айбдор карда, хостори боздошти ӯ шудаанд.
Баҳс бар сари аъмоли Раҳимӣ охирин мавриди таниш миёни раисиҷумҳури тундрав ва вакилони муҳофизакорест, ки аслан аз ҷонибдорони ӯ дар парлумон маҳсуб мешуданд.
Раҳимӣ иттиҳомоти воридаро радд кардааст.
Вакили маъруфи муҳофизакор Илёс Нодирон аммо ӯро “раҳбари доираи фосид” ном бурда, вакили дигар Алӣ Мутаҳҳарӣ, ба навиштаи сомонаи интернетии “Алиф” , гуфтааст, ки қувваи қазоия бояд Раҳимиро муҷозот кунад.
XS
SM
MD
LG