Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интерпол таъқиби "Капитан Драган"-ро идома медиҳад


Интерпол, пулиси ҷаҳонӣ, Драган Василкович, як серби муттаҳам ба ҷиноёти ҷангиро, ки дар Австралия ғайб зад, таҳти пайгард қарор додааст. Интерпол аз пулиси Австралия хостааст, таъқиби Василковичро идома диҳад. Додгоҳи Австралия дар ҳафтаи гузашта ҳукми истирдоди Драган Василкович ба Хорватияро содир кард, вале ӯ ба дунболи судури ҳукм ғайб зад.
Василкович, ки бо исми Даниэл Снедден низ ёд мешавад, зодаи Белград ва собиқ бозигари голф аст, ки дар замони ҷанги Югославия дар солҳои 90 бо лақаби “Капитан Драган” ном баровард. Хорватия ӯро ба даст доштан дар куштор ва шиканҷа дар солҳои ҷанг айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG