Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Кӣ Мун барои 2 рӯз вориди Узбакистон шуд


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун имрӯз, 4 апрел дар идомаи силсиласафараш ба ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ барои ду рӯз вориди Узбакистон шуд. Рӯзи шанбе Бан Кӣ Мун дар Бишкек зимни суханронӣ дар парлумони Қирғизистон ин кишварро ба далели бад шудани вазъи ҳуқуқи башар интиқод кард. Чанд рӯз пеш аз боздиди раҳбари СММ пулиси молиётии Қирғизистон вориди дафтари СтанТВ, яке аз шабакаҳои маҳаллии телевизионӣ шуда, бо мусодираи таҷҳизоти ин шабака амалан монеъи пахши барномаҳояш шуд. Созмони ҳомии ҳуқуқи башар - Human Rights Watch аз Бан Кӣ Мун даъват кардааст, аз сафараш ба Осиёи Марказӣ ба унвони як фурсат барои беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон истифода кунад.
XS
SM
MD
LG