Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи 5 амрикоӣ дар Покистон оғоз ёфт


Додгоҳи Покистон муҳокимаи парвандаи 5 амрикоиро, ки ба таъмини молии ҷинояткорон ва таҳияи ҳамалоти террористӣ “дар Покистон ваё як кишвари муттаҳидаш” айбдор мешаванд, расман оғоз кард. Вакили мудофеъи муттаҳамин Ҳасан Качела гуфт, мурофиаи аввал пушти дарҳои баста дар як зиндони шаҳри Сардоға, дар шарқи Покистон доир шуд. Ин панҷгона, ки аз 19 то 25 сол доранд, моҳи декабр дар Сардоға дастгир шуданд.
Онҳо иттиҳомоти эълоншударо радд карда, мегӯянд, ки мехостанд барои корҳои хайрия ба Афғонистон бираванд. Аммо дар сурати дайн шудани иттиҳомот, ин атбоъи Амрико метавонанд ба ҳабси умрбод маҳкум шаванд.
XS
SM
MD
LG