Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирозҳои ҷадид алайҳи ТАЛКО дар Узбакистон


Дар арафаи солгарди 35-уми мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ТАЛКО, дар манотиқи ҳаммарзи Узбакистон ба нишони эътироз ба тавсиъаи ин корхона як силсила тазоҳуроти эътирозӣ доир шуд.
Рӯзи 29 март дар шаҳри Шӯрчаи вилояти Сурхондарёи Узбакистон раҳпаймоие доир шуд, ки ширкаткунандагонаш алайҳи таъсири манфии фаъолияти ТАЛКО ба муҳити зисти минтақа эътироз карданд. Бино ба хабарҳо, ҳудуди 200 тазоҳургар дар роҳи ҳаракати қатори Душанбе-Конибодом ташкили тазоҳурот карданд. Рӯзи 28 март чунин пикет дар шаҳри Тирмиз, дар роҳи ҳаракати қатори Душанбе-Маскав барпо шуд.
Рӯзи 30 март дар ноҳияи Деҳнави ҳамин вилоят мулоқоти вакилони парлумон ва намояндагони Ҷунбиши экологии Узбакистон бо сокинони ин ноҳия баргузор шуд, ки низ мавзӯъи асосиаш асароти барои вазъи сиҳҳати сокинон ва муҳити зисти ин қаламрав манфии фаъолияти ТАЛКО будааст.
Ҳафтаи гузашта гирдиҳамоиҳои эътирозӣ алайҳи ТАЛКО, бузургтарин корхонаи саноатии Тоҷикистон, дар донишгоҳи Тирмиз ва донишкадаи кишоварзии Деҳнав низ баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG