Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни муҳити зист ҳаракати қаторро боздоштанд


Дар истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Тирмизи Узбакистон намоиши эътирозии ҳомиёни муҳити зист баргузор гардид, ки бар асари он ҳаракати қатори мусофирбари Маскав-Душанбе барои ним соат мутаваққиф шуд. Дар ин бора хабаргузории РИА-Новости бо такя ба Ҷунбиши муҳитизистии Узбакистон иттилоъ додааст. Гуфта мешавад, ки ҳомиёни муҳити зист алайҳи густариши тавлидот дар корхонаи алюминиюми Тоҷикистон эътироз карданд. Онҳо миёни мусофирони қатора китобчаҳоеро дар бораи паёмадҳои нохуши густариши тавлидот дар ин корхона барои муҳити зисти минтақа тақсим карданд.
Яке аз ҳадафҳои аслии таъсиси Ҷунбиши муҳитизистии Узбакистон, ки дар парлумони Узбакистон 15 вакил дорад, мухолифат ба бунёди нерӯгоҳи Роғун ва фаъолияти корхонаи алюминиюми Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG