Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ню Йорк Таймс: "Эрон таъсисоти нави атомӣ месозад"


Бино ба гузориши рӯзномаи “Ню Йорк Таймс», Эрон ба рағми талабҳои ҷомеаи байналмилал дар садади бунёди таъсисоти нави ғанисозии ураниум аст. Рӯзнома аз қавли манобеъаш дар ҳукуматҳои чанд кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ навиштааст, ки нозирони Созмони Милал дар пайи таҳқиқи аломатҳо аз бунёди ду таъсисоти нави ғанисозии ураниум ҳастанд. Ба гуфтаи Ню Йорк Таймс, нозирон аз ин барномаи Эрон аз мусоҳибаи Алӣ Акбар Солеҳӣ, мудири Оҷонси Энержии Атомии Эрон, огаҳ шудаанд, ки ба Хабаргузории донишҷӯёни Эрон гуфтааст, бунёди ду таъсисоти нави ғанисозии ураниум баъди 21 март, дар соли нави хуршедӣ дар Эрон шурӯъ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG