Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Исфара, Конибодом ва Спитамен иваз шуданд


Бино ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", Муҳиб Ёқубов-раиси шаҳри Исфара, Ҳилолиддин Шамсиддинов-раиси шаҳри Конибодом ва Аҳмадҷон Қобилов-раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз мақомҳои худ барканор шудаанд. Дар фармони барканории онҳо омадааст, ки онҳо "ба сабаби ба кори дигар гузаштан" аз мақом барканор шудаанд. Ба ҷои онҳо дар Исфара Субҳониддин Ашӯров, дар Конибодом Нӯъмон Обидов ва дар Спитамен Зулфия Узоқова раис таин шудаанд.
XS
SM
MD
LG