Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони минтақа дар Наврӯзи Шероз ширкат мекунанд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон як ҷо бо руасои ҷамоҳири Афғонистону Эрон дар шаҳри Шерози Эрон дар маросимҳои наврӯзӣ ширкат мекунад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни ин боздид мулоқоти сеҷонибаи ин раҳбарон низ баргузор ва дар он масъалаҳои амниятии минтақа баррасӣ шавад. Дар ин боздид раиси ҷумҳури Тоҷикистонро баъзе вазирону мушовирон ва фарҳангиёни Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунанд. Барои ширкат дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Шероз раиси ҷумҳури Эрон раҳбарони 20 кишварро даъват кардааст.
XS
SM
MD
LG