Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаи ҳавоӣ дар Покистон 61 кушта бар ҷой гузошт


Ба иттилоъи мақомоти Покистон, бар асари ҳамлаи ҳавопаймоҳои низомӣ ба як минтақаи ҳаммарз бо Афғонистон 61 тан аз гумонбарони терроризм, аз ҷумла, чандин нафар дар канори як мактаби динӣ ба ҳалокат расиданд. Ин ҳамла дар мавзеъи Мамузайи минтақаи Оракзай, дар минтақае сурат гирифт, ки он ҷо як идда раҳбарони ҷунбиши "Толибон"-и Покистон панаҳ бурдаанд. Кормандони хадамоти кашфи Покистон, ки аз ифшои ному насабашон худдорӣ кардаанд, гуфтанд, марказ мутмаин буд, ки дар мактаби динӣ раҳбарони толибон дар як машварат ҷамъ омадаанд. Дарёфти тайиди ин хабар ва теъдоди дақиқи қурбониёни зарбаи ҳавопаймоҳои низомӣ аз манобеъи мустақил то ҳол муяссар нашудааст, зеро дастрасӣ ба ин минтақаи қабиланишин басо мушкил аст.
XS
SM
MD
LG