Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тармаҳо дар Тоҷикистон 15 нафарро куштаанд


РЕАКТ, як гурӯҳи арзёбии сареъи ҳолоти изтирорӣ дар Тоҷикистон гуфтааст, тайи як моҳи охир бар асари ярчу тармарезӣ дар кӯҳистони ин кишвар 15 нафар ҳалок шуданд. Ҳарорати баланди ҳаво ва босуръат об шудани барфҳо аз иллатҳои аслии афзоиши ин офоти табиӣ ном бурда мешавад.
Бо ин ҳол, маркази ҳавошиносии Тоҷикистон барои моҳи апрел боришоти шадид ва эҳтимоли рехтани тарма дар кӯҳистони шимол ва маркази кишвар ва ҳамин тавр, дар кӯҳу ағбаҳои ғарби Бадахшонро пешбинӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG