Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи маҳкумияти қатли омми мардуми Сребренитса


Аҳзоби узви эътилофи ҳокими Сербистон дар парлумон тарҳи қатъномаеро таҳия кардаанд, ки қатли омми ҳудуди 8000 мусалмонҳои Буснӣ дар шаҳраки Сребренитсаро маҳкум мекунад. Тарҳи қатънома вале бо маҳкум кардани ин ҷинояти нирӯҳои сербҳои Буснӣ иктифо варзида, вожаи “генотсид” алайҳи мусалмонҳои Бусниро сарфи назар кардааст.
Аҳзоби қавмгарои Сербистон ин тарҳро радд карда гуфтаанд, ки қатънома бояд ҷиноёти содиршуда алайҳи сербҳо аз сӯи мусалмонҳо ва хорватҳои Буснӣ дар ҷараёни ҷанги солҳои 1992 то 1995-ро низ маҳкум кунад.
XS
SM
MD
LG