Пайвандҳои дастрасӣ

Гирдиҳамоии занони сатрпӯш дар Яман


Ҳазорон зани сатрпӯш дар Яман дар ҳошияи сохтмони парлумони ин кишвари арабӣ гирди ҳам омада, алайҳи қонуне, ки ҳаққи издивоҷи духтарони зери синнии 17-ро манъ мекунад, эътироз кардаанд. Тазоҳургарон бо худ шиорҳое низ доштанд, ки дар он навишта шуда буд: “Ончиро ки Оллоҳ иҷозат додааст, манъ накунед!” Як идда аз рӯҳониён низ тарҳи ин қонунро муноқиз бо қонунҳои шариат номидаанд.
Ба шавҳар додани духтарони ноболиғ дар Яман, бахусус дар рустоҳои ин кишвар, як падидаи маъмулист. Соли гузашта ҳангоми таваллуди кӯдак фавтидани як духтари 12-сола дар Яман мояи эътирозҳои байналмилалӣ шуда буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG