Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбарони Эрон паёмҳои наврӯзӣ фиристоданд


Дирӯз дар паёмҳои наврӯзии худ раҳбарони Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор намуданд, ки Эрон бар душманон пирӯз шудааст. Раҳбари рӯҳонии Эрон Оятулло Алии Хоманайӣ гуфт, ки "ҳушёрӣ"-и кишвар душманонро мағлуб кард. Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар навбати худ гуфт, ки Эрон "дасти душманонро қатъ" хоҳад кард. Паёмҳои раҳбарони эронӣ дар ҳоле пахш шуданд, ки президенти ИМА Барак Обама мардуми эронро бо фарорасии Наврӯз табрик намуда, ҳамчунон гуфт "сарфи назар аз ихтилофҳое, ки мо бо ҳукумати эронӣ дорем, садоқати мо ба ояндаи беҳтари мардуми ин кишвар ҳамоно боқист".
XS
SM
MD
LG