Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Қизил-Юрти Доғистон 4 чирикӣ кушта шуданд


Хадамоти амнияти федеролии Русия мегӯяд, рӯзи шанбе дар ҷараёни як амалиёти зиддитеррор дар ҷумҳурии ошӯбзадаи Доғистон 4 ҷангӣ кушта шуданд. ФСБ гуфт, ки ин амалиёт дар ноҳияи Қизил-Юрт алайҳи гурӯҳи Бисултон Ҷаводов доир шуд.
Мақомот мегӯянд, нирӯҳои амниятӣ 4 ҷангиро дар як манзили хусусӣ дар ин минтақа гирд карданд. Аммо ҷангиён аз таслим шудан сарпечӣ карда, ба тирандозӣ шурӯъ карданд ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ кушта шуданд. ФСБ мегӯяд, дар ин амалиёт касе аз нирӯҳояш осеб надидааст.
XS
SM
MD
LG