Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаластиниҳо аз гуфтушунид даст кашидаанд


Дабири Лигаи кишварҳои араб Амр Мӯсо дар Қоҳира изҳор дошт, раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос ба ӯ гуфтааст, ки вориди гуфтугӯҳои ғайримустақим бо Исроил нахоҳад шуд. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Исроил тарҳи бунёди 1600 манзили навро барои муҳоҷирони яҳудӣ дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ба тасвиб расондааст. Пештар ноиб-президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷозеф Байден ҳангоми боздидаш аз Ромуллоҳ гуфт, тарҳи нав талошҳои ахир эҳёи гуфтушнидро барҳам мезанад. Лигаи кишварҳои араб низ эълон кард, ки дигар аз ин гуфтушунидҳо ҳимоят намекунад.
XS
SM
MD
LG