Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Карзай ба Покистон оғоз ёфт


Имрӯз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ба Покистон рафт. Як мавзӯъи аслии музокироти ӯ нақше хоҳад буд, ки Исломобод метавонад дар музокироти эҳтимолии Кобул бо Толибон бозӣ кунад. Покистон, ки дар гузашта аз давлати Толибон пуштибонӣ мекард, мехоҳад дар раванди мусолиҳа бо ҷангиёни мӯътадил саҳм бигирад. Ахиран Покистон чандин раҳбарони Толибони Афғонистон, бо шумули раҳбари дуввуми ин гурӯҳи тундрав Мулло Бародарро боздошт кард. Аммо Кобул қаблан Покистонро ба он айбдор карда буд, ки ҷиҳати аз байн бурдани раҳбарони Толибон дар қаламраваш ба қадри кофӣ амал намекунад. Кобул ҳамчунин аз Исломобод истирдоди Мулло Бародар ва беш аз 40 тани дигар, бо шумули ҷангиёни толиб аз зиндонҳои Покистонро талаб кардааст.
XS
SM
MD
LG