Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

16-ӯми март иҷлоси якӯми порламони нав доир мешавад


Иҷлоси нахустини Маҷлиси Намондагони порламони нави Тоҷикистон даъвати чаҳорӯм 16-ӯми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон мунташир шуд. Бори нахуст дар ин иҷлос намояндагони ду ҳизби нав, яъне Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Аз сӯи дигар, Раҳматулло Зоҳиров-раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар як эъломия гуфтааст, Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, яъне ҳизби ҳоким порламон ё ниҳоди қонунгузори кишварро ғасб кардааст. Ҳоло дар порламон 5 ҳизби сиёсӣ намояндагони худро доранд. Вале аз онҳо ҳизби ҳокими халқӣ- ҳатто дар эътилоф наметавонанд ба ҳизби ҳоким дар паҳлӯи тарозу ҳамсанг шаванд.
XS
SM
MD
LG