Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои Амрико ба омӯзишгоҳи марзбонии Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар таъмири омӯзишгоҳи олии тарбияи марзбонони тоҷик дар шаҳри Душанбе кӯмак мекунад. Дар ин бора ин сафорат дар шаҳри Душанбе ёддошти матбуотӣ мунташир сохтааст. Марҳалаи аввали корҳои таъмири омӯзишгоҳ бештар як миллион долларро дар бар мегирад. Марҳалаи дуввуми корҳои таъмир моҳи май ба поён мерасад ва тибқи пешбиниҳо бояд дар ин омӯзишгоҳ барои донишҷӯён шароити хуби зисту таҳсил ба вуҷуд ояд. Ҳукумати Амрико омода аст кӯмакҳои молии худро ба ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон идома диҳад. Аз соли 1992 ба ин сӯ кӯмакҳои Амрико дар ин бахш 29 миллион долларро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG