Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Туркия мехоҳад Қонуни Асосиро тағир диҳад


Реҷеп Тайип Эрдуғон-нахуствазири Туркия изҳор дошт, ки то поёни моҳи марти соли ҷорӣ ҳизби ҳокими вай Қонуни Асосии Туркияро бозбинӣ мекунад. Вай гуфт: "Мо дар андешаи ворид овардани баъзе иловаҳо дар баъзе моддаҳо ҳастем". Ин суханон дар ҳоле садо медиҳад, ки ихтилофи миёни ҳукумати исломгарои Туркия ва фармондеҳони артиши ин кишвар баъд аз боздошти фармондеҳони аршади низомӣ ташдид ёфтааст. Фармондеҳони боздоштшуда барои талоши кудето ва сарнагунии ҳукумати кунунӣ дар соли 2003 муттаҳам дониста мешаванд. Бо вуҷуди ин, таҳлилгарон мегӯянд, ки ҳизби ҳоким дар порламон аксариятро ташкил намедиҳад ва наметавонад дар Қонуни Асосӣ тағирот ворид кунад. Вале имкони дар райпурсии умумӣ ворид кардани тағирот вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG