Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кобул 16 нафар, аз ҷумла хориҷиён, кушта шуданд


Вазорати дохилаи Афғонистон мегӯяд, 16 нафар, аз ҷумла чанд нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳамлаҳои тундравҳо дар маркази шаҳри Кобул кушта шудаанд. Бештар аз 30 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Ҷунбиши Толибон масъулияти ин ҳамлаҳоро, ки аслан меҳмонхонаҳои хусусӣ ва маҳалли аҳолинишину марокизи тиҷоратиро дар маркази шаҳр ҳадаф қарор дода буданд, бар ӯҳда гирифтааст. Земарай Башарӣ-сухангӯи вазорати дохилаи Афғонистон гуфтааст, дар миёни кушташудагон як шаҳҳрванди Италия ва 3 корманди пулис будаанд. Бернард Кучнер-вазири корҳои хориҷаи Фаронса зимни суханони худ дар Порис таъйид кард, ки дар миёни кушташудагон як шаҳрванди Фаронса низ будааст. Пештар пулис эълон карда буд, ки дар миёни кушташудагон шаҳрвандони Ҳиндустон низ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG