Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Ҳолбрук ба "аҳамияти беандозаи" Тоҷикистон


Ричард Ҳолбрук – фиристодаи вижаи Амрико, зимни сафараш дар Душанбе гуфт, “барои онҳое, ки дар Афғонистон сулҳ мехоҳанд, Тоҷикистон як кишвари беандоза муҳим аст”. Ричард Ҳолбрук баъди дидор бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, ба хабарнигорон гуфт, Тоҷикистон "аз лиҳози қавмӣ, ҷуғрофиё ва далоили стротежӣ” муҳим аст. Ричард Ҳолбрук – фиристодаи вижаи Амрико дар умури Афғонистону Покистон, аввали ин ҳафта ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар карда ва доир ба масоили Афғонистон бо раиси ҷумҳурони Қирғизистону Ӯзбакистон гуфтӯгу анҷом дод. Баъди тарки Душанбе, вай ба Туркманистону Қазоқистон сафар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG