Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия дар Абхозистон пойгоҳи низомӣ хоҳад сохт


Русия мехоҳад як пойгоҳи низомиашро дар Абхозистон, яке аз ду минтақаи ҷудоиталаби Гурҷистон, мустақар кунад. Интизор меравад, раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев чунин созишномаро имрӯз дар Маскав бо ҳамтои абхозаш Сергей Багапш имзо кунад. Муовини вазири дифоъи Абхозистон Гаррӣ Купалба ба хабаргузории Ройтерс гуфт, ки пойгоҳи нав бо дастикам 3000 сарбоз дар ояндаи наздик таъсис хоҳад ёфт.
Гурҷистон барномаи таъсиси чунин пойгоҳи низомиро ғайриқонунӣ номида, маҳкум кардааст. Русия истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи ҷанубӣ, вилояти дигари ҷудоиталаби Гурҷистонро ба расмият шинохтааст.
XS
SM
MD
LG