Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавсифи фармондеҳи НАТО аз амалиёти Марҷа


Фармондеҳи бритониёии нирӯҳои НАТО гуфт, амалиёти нирӯҳои эътилоф алайҳи пойгоҳи Толибон дар вилояти Ҳилманди Афғонистон тавонмандии таҳрикҳои маҳаллии чирикиро ба таври қобили мулоҳиза заиф кардааст. Генерал Ник Картер гуфт, нирӯҳои хориҷиву маҳаллӣ дар амалиёти Марҷа ба муқовимати ҷиддӣ аз сӯи гурӯҳҳои парокандаи ҷангиён низ рӯбарӯ шуданд. Картер гуфт, ки ӯ дар бораи фаъолиятҳои раҳбари дуввуми Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар дар минтақаи Марҷа маълумоте надорад. Ахиран хабар расид, ки Мулло Бародарро дар Карочии Покистон боздошт кардаанд.
XS
SM
MD
LG