Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон Исмоилхонро ба ҳузур пазируфт


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва вазири нерўву захоири оби Афғонистон Муҳаммад Исмоилхон, имрӯз, дар шаҳри Душанбе, масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши энерҷиро баррасӣ карданд. Ба иттилоъи сомонаи president tj, ҷонибҳо асосан рӯи татбиқи тарҳи бунёди хатти интиқоли барқи миёни Тоҷикистон-Афғонистон ва тарҳи КАСА-1000, ки аз тариқи он захоири нерӯи барқи Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон интиқол меёбад, тамаркуз карданд. Муҳаммад Исмоилхон хабар дод, ки рӯзи 13 феврал бунёди хатти 220 киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон дар қаламрави Афғонистон шурӯъ шуд ва қарор аст, ки баъд аз 10 моҳ мавриди истифода қарор бигирад.
Дар ин мулоқот дигар масоили марбут ба ҳамкориҳои ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла, чанд тарҳи нави бунёди роҳу пулҳои мошингард ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Афғонистон низ баррасӣ шуд.
XS
SM
MD
LG