Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод: Эрон қудрати ҳастаӣ шудааст


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз гуфт, ки кишвараш алакай бастаи аввали ураниуми бештар ғанишударо тавлид кардааст. Аҳмадинажод, ки дар баробари садҳо ҳазор мардуми дар маросими таҷлили солгарди инқилоби исломӣ гирдиҳамомада суханронӣ мекард, гуфт, Эрон бо нахустин бастаи ураниуми 20 дарсад ғанишуда акнун қудрати ҳастаист.
Ураниуми ғанишуда ба манзури тавлиди маводи сӯхти нирӯгоҳҳои ҳастаист, вале барои сохтани силоҳҳои ҳастаӣ низ метавонад истифода шавад. Ҷомиаи байналмилалӣ таҳдид кардааст, ки СММ дар вокуниш ба фаъолиятҳои ғанисозии Эрон метавонад алайҳи ин кишвар таҳримоти сангинтар ҷорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG