Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолияти як гурӯҳи баптистҳо муттаваққиф шуд


Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахти Тоҷикистон фаъолияти гурӯҳи мазҳабии мавсум ба Иттиҳоди баптистҳои инҷилгароро муттаваққиф кард. Мақомоти ноҳия гуфтаанд, ки аъзои ин гурӯҳи масеҳӣ бидуни сабти расмии ном дар як манзили хусусӣ ибодат мекардаанд.
Назира Додхудоева, як масъули кор бо созмонҳои ғайриисломӣ дар вазорати фарҳанги Тоҷикистон гуфт, аз ин гурӯҳ чандин бор даъват шуда буд, ки худро сбати ном кунанд.
Аммо Андрей Чумаченко, як намояндаи Иттиҳоди баптистҳои инҷилгаро гуфт, ки сабти номи давлатӣ мухолиф ба арзишҳои мазҳабест, ки онҳо пайравӣ мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, баптистҳои инҷилгаро аз соли 1961, наздики 50 сол бидуни кадом сабти ном фаъолият доштаанд.
XS
SM
MD
LG