Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии сарнавишти марзбони дастгиршудаи тоҷик


Интизор меравад, имрӯз дар мулоқоти ҳайъатҳои марзбонии Тоҷикистону Ӯзбакистон масъалаи раҳоии як сарҳадбони тоҷик аз дасти мақомоти марзбонии Ӯзбакистон баррасӣ шавад. Дар мавриди дастгир шудани марзбони тоҷик дар қаламрави Ӯзбакистон гузоришҳо мухталиф аст, аммо ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон ин посбони марз тасодуфан ба қаламрави кишвари ҳамсоя ворид шудааст. Хабаргузории “Интерфакс” мегӯяд, ин сарбоз рӯзи шанбе аз қисмати шимолии сарҳади Тоҷикистон ҳаммарз бо вилояти Ҷиззахи Ӯзбакистон ба хотири пас гардонидани як ҳайвони хонагӣ тасодуфан вориди хоки ин кишвар шудааст.
XS
SM
MD
LG