Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 90% низоми дунёявиро мехостаанд


Бино ба натиҷаҳои як назархоҳӣ дар Тоҷикистон, бо вуҷуди афзоиши таваҷҷӯҳи мардум ба мазҳаб, бештар аз 90 дар сади мардум гуфтаанд, намехоҳанд дар кишвар низоми исломӣ бошад. Бар асоси ин назарсанҷӣ, 64 дар сад гуфтаанд, ки мехоҳанд, низоми дунявӣ дар Тоҷикистон тағйир наёбад, вале 25 дар сад тарафдори пазируфтани баъзе аз меъёрҳои шариат дар Тоҷикистон будаанд. Муаллифони назарсанҷӣ аз маркази таҳлилии “Шарқ” мегӯянд, танҳо ҳафт дар сад аз мардуми кишвар тарафдори низоми исломӣ дар кишвар будаанд. Назархоҳии мазкур дар миёни 1500 нафар ва бо сарпарастии моли сафорати Бритониё ва IFES, Бунёди Байналмилалии Низомҳои Интихоботӣ анҷом шудааст.
XS
SM
MD
LG