Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзилаи шадид дар аёлати Каролинаи Шимолии Амрико


Дар аёлати Каролинаи Шимолии Амрико зилзила рух дод. Шиддати ин зилзила тақрибан 6 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст. Дар бораи афроди осебдида дар ин зилзила ва харобиҳои рӯзи панҷшанбе гузориш дода намешавад. Маркази Назархоҳиҳои Ҷуғрофиёии Амрико мегӯяд, ки ин зилзила дар умқи тақрибан 11 километр дар зери замин дар соҳили уқёнуси Ором рух додааст. Шиддати зилзиларо дар доираи 240 километр эҳсос кардаанд. Ин дуввумин зилзилаи шадид дар як моҳи ахир аст, ки дар ин аёлат рух додааст. 9-ӯми январи соли ҷорӣ дар ин аёлат зилзилае ба шиддати 6,5 дараҷа рух дода буд ва баъзе харобиҳо дар пай дошт.
XS
SM
MD
LG