Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай миёнравии Риёд бо Толибонро мехоҳад


Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон бо малик Абдулло-шоҳи Арабистони Саудӣ мулоқот кард, то замина барои ширкати фаъоли Риёд дар ташвиқи Толибон фароҳам ояд ва Толибон ба равандҳои сиёсиии Афғонистон бипайванданд. Баъд аз мулоқот яке аз мақомоти Саудӣ танҳо ин нуктаро хотирнишон сохт, ки Ҳомид Карзай пешниҳоди худро матраҳ кардааст. Вай дар бораи ин мулоқот беш аз ин ҷузъиёте надод. Ҳафтаи гузашта вазири умури хориҷаи Саудӣ гуфт, кишвараш ба раванди сулҳ дар Афғонистон ҷалб нахоҳад шуд, агар Толибон бо ал Қоида ҳамаи иртиботи худро қатъ накунанд. Арабистони Саудӣ бо Толибон равобити махсус дорад, зеро Саудӣ аз ҷумлаи се кишваре буд, ки ҳукумати Толибонро ба расмият шинохта буд.
XS
SM
MD
LG