Пайвандҳои дастрасӣ

Тими Тоҷикистон роҳии Ванкувер мешавад


Шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада имсол фақат лижарон Андрей Дригин ҳифз хоҳад кард. Раҳбари бахши байналмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Муҳаммадшоҳ Абдуллоев гуфтааст, ки лижарони 24-солаи тоҷик Алишер Қудратов низ ба Ванкувер хоҳад рафт, вале ба маҳзи камии холҳои бадастовардааш ҳаққи ширкат дар сабқатҳои олимпиро нахоҳад дошт.
Тоҷикистон бори севвум аст, ки дар Олимпиадаҳои зимистона ширкат меварзад. Дар соли 2006 дар Турини Итолиё низ аз Тоҷикистон танҳо Андрей Дригин намояндагӣ карда буд.
Бозиҳои олимпӣ дар Ванкувер имсол аз 12 то 28 феврал баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG