Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти куштори чаҳор сарбоз дар Афғонистон


Вазорати дифои Афғонистон ҳодисаи куштори тасодуфии чаҳор сарбози афғонро бар асари ҳамлаҳои ҳавоии нирӯҳои НАТО дар вилояти Вардак маҳкум кард. Дар изҳорот ба таҳқиқи мӯшикофонаи ин ҳодиса ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудани омилони ин ҳодиса даъват мешавад. Ҳодисаи мазкур субҳи шанбе ҳангоми бархӯрди нирӯҳои муштараки афғониву НАТО бо як воҳиди дигари низомии миллӣ рух дод, ки дар паи нирӯҳои ҳавоӣ барои кӯмак ҷалб шудаанд. Бар тибқи иттилои нирӯҳои байналмилалии кӯмаки амниятӣ таҳти раҳбарии НАТО ҳодисаи мазкур дар миёни воҳидҳои амниятии ғарбиву афғонӣ рӯй дод. Вале дар ин изҳорот тафсилоти бештари ҳодиса дода намешавад.
XS
SM
MD
LG