Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маскаву Тифлис боз ҳам ба созиш нарасиданд


Даври навбатии машваратҳо миёни Русияву Гурҷистон оид ба таъмини амнияту субот дар Қафқоз бидуни натиҷа поён ёфт. Ин машваратҳо дирӯз дар Женева баргузор шуданд. Пиер Морел, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо дар ин нишаст гуфт, ки ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки рӯзи 30 март баррасии мавзӯъи ҷилавгирӣ аз истифодаи нерӯ дар минтақаро идома диҳанд.
XS
SM
MD
LG