Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Абдуллоҳ Ёров ба ивази Санъат Раҳимов раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” таъйин шуд. Раҳимов дар ин симат 19 январи соли 2009 таъйин шуда, дуруст як сол кор кард.
Абдулло Ёров қаблан ба ҳайси мудири нирӯгоҳи Норак ва вазири энержии Тоҷикистон кор карда, ахиран раҳбарии шӯъбаи саноат ва энержии дастгоҳи раёсатҷумҳуриро бар ӯҳда дошт.
Дирӯз бо фармони раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раисони 8 ноҳия, аз ҷумла Рашту Ҳисор, Турсунзодаву Мастчоҳ, Ванҷу Ишкошим ва Ховалингу Румиро иваз карданд.
XS
SM
MD
LG