Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Гӣ Мун худ роҳии Ҳаитӣ шуд


Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун ба хотири баҳси роҳҳои беҳтари ҳамоҳангсозии ироаи кӯмакҳои байналмилалӣ ба кишвари зилзилазадаи Ҳаитӣ вориди ин кишвар шуд. Бан Гӣ Мун қабл аз тарки Ню-Йорк ба хабарнигорон гуфт, ҳатто як доллари кӯмакҳо набояд беҳуда масраф шавад. Ӯ гуфт, ки СММ алакай 40 000 нафарро бо ғизо таъмин мекунад ва интизор меравад, ин рақамро тайи як моҳи оянда ба 2 миллион нафар бирасонад.
Қаблан вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ аз Ҳаитӣ дидан кард ва дар пайи дидораш бо раиси он ҷумҳурӣ Рене Превал гуфт, Амрико мардуми Ҳатиро итминони хотир медиҳад, ки кишвари онҳо аз ин офати табиӣ “қавитару хубтар” берун хоҳад омад. Куммиссиюни Аврупо дар ҳамин ҳол хабар дод, ки фиристодааш дар Ҳаитӣ Пилар Хуарес шаби шанбе бар асари заминларза ҳалок шудааст.
XS
SM
MD
LG