Пайвандҳои дастрасӣ

Шикояти ҲНИТ дар минтақаи Рашт аз интихобот


Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт эълон кардааст, ки мақомоти интихоботии ин ноҳия феҳристи пешниҳодкардаи ин ҳизбро барои ворид кардани намояндагони онҳо ба қитъаҳои интихоботӣ рад кардаанд. Водии Рашт аз минтақаҳоест, дарсадии шумораи аъзои ин ҳизб нисбат ба минтақаҳои дигари кишвар бартарӣ дорад. Мақомоти минтақаии ҳизби мазкур изҳори нагаронӣ кардаанд, ки чунин муносибат ба дархости ҳизби онҳо шафофиятро зери суол мебарад. Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақомоти интихоботии Тоҷикистон хостааст, интихоботи озоду демократӣ ва шаффофро таъмин кунанд.
XS
SM
MD
LG