Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Обама барои ирсоли кӯмакҳои изофӣ ба Ҳаитӣ


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, эълом кард, ки кишвараш барои имдод ба Ҳаитии мусибатзада, 100 миллион доллар ихтисос медиҳад. Вай ҳамчунин гуфт, Амрико ба хотири корҳои наҷот ва таъмини амният ҳазорон сарбози худро ба Ҳаитӣ мефиристад: "Ман ҳамчунин имрӯз эълом мекунам, ки мо барои Ҳаитӣ фавран 100 миллион доллар ихтисос медиҳем. Ин маблағ бояд барои васоили зарурии наҷот, ғизо, об ва дорувории лозим сарф хоҳад шуд. Дар солҳои оянда сармоягузорӣ бештар хоҳад шуд, зеро мо аз ширкат дар ҷараёни дарозмуддати эҳёи Ҳаитӣ аз ин фоҷиаи ғайри қобили тассавур даст намекашем." Барак Обама ҳамчунин аз Билл Клинтон ва Ҷорҷ Буш – раиси ҷумҳурони собиқи Амрико хостааст, барои корҳои имдодӣ кӯмак кунанд. Айни замон Сандуқи Байналмилалии Пул гуфт, ки барои кӯмак ба Ҳаитӣ 100 миллион доллар ихтисос медиҳад. Бар асари заминларзаи қавии рӯзи сешанбе дар Ҳаитӣ ҳазорон нафар ба ҳалокат расиданд. Як намояндаи Созмони Салиби Сурхи Ҳаитӣ гуфт, эҳтимолан теъдоди қурбониён аз 45 то 50 ҳазор нафар хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG