Пайвандҳои дастрасӣ

Бомбгузории маргбор дар бозори Урузгон


Дар Афғонистон рӯзи чаҳоршанбе як бомбгузори маргталаб дар бозори вилояти Урузгон дасти кам 20 нафарро кушт. Ҷумъагул Ҳиммат – волии Урузгон гуфт, ҳодиса дар бозори шаҳри Деҳровуд – маркази Урузгон, ба вуқӯъ пайвастааст ва даҳҳо тани дигар ҳам зимни таркиш маҷрӯҳ шудаанд. Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, бо нашри баёнияе ин ҳамларо маҳкум намуда гуфт, ҳадаф гирифтани мардуми бедифоъ мухолифи шариъати ислом аст. Дар бомбгузории интиҳории дигаре дар вилояти Ҳилманд, ба гуфтаи Паймони Низомии НАТО як афсари пулис кушта ва панҷ тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG