Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Аэрофлот" Ту-154-ро бознишаста кард


Ширкати “Аэрофлот”-и Русия истифодаи ҳавопаймоҳои Ту-154-ро қатъ кард. Намояндаи ин ширкат ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, ки то харидории ҳавопаймоҳои нави мусофирбари “Суперҷет”, “Аэрофлот” ба ҷойи Ту-154 ҳавопаймоҳои Airbus-ро истифода хоҳад кард. Ту-154 тақрибан 40 сол дар шӯравии собиқ ва Русия ба кашонидани мусофирон машғул буд. Охирин парвози ин ҳавопаймои ширкати “Аэрофлот” аз Екатеринбург ба Маскав сурат гирифт.
XS
SM
MD
LG