Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба постгоҳи низомӣ дар Баҷаур


Гурӯҳи мусаллаҳи толибон ба як постгоҳи низомӣ дар шимолу ғарби Покистон ҳамла кард. Ин ҳодиса дар минтақаи Баҷаур, дар 40-километрии ҷанубу ғарби шаҳри Ҳар, ба вуқӯъ пайваст. Ба иттилоъи манбаъҳои расмӣ, дар ин ҳодиса як сарбоз кушта шуда, се нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бар асари задухурд чаҳор тан аз толибони ҳамлагар низ ба ҳалокат расиданд.
Моҳи августи соли 2008 нерӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи Баҷаур амалиёти густардаи низомӣ алайҳи ошубгаронро шурӯъ карданд. Баъд аз шаш моҳ вазорати дифоъи Покистон эълом дошт, ки Баҷаур аз афроди мусаллаҳи мухолифи ҳукумат пок карда шудааст.
XS
SM
MD
LG