Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷагии се соли фаъолияти Ожонси зидди фасод


Мақомоти Ожонси давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон мегӯянд, тайи се соли фаъолият ин ожонс беш аз 2200 ҷиноёти марбут ба фасодро ошкор кардааст, ки беш аз нисфашро ҷиноёте, чун сирқати пулу моли давлат, ришвахорӣ ва сӯъиистифода аз мақом ташкил медиҳад.
Муовини раиси Ожонси зидди фасод Абдураҳим Абулҳасанов гуфтааст, маъмурони ин ниҳод тайи 3 сол беш аз 80 мақоми давлатӣ ва 160 ходими мақомоти интизомиву қудратиро ба масъулияти ҷиноӣ кашонидаанд. Оқои Абулҳасанов аз ҷумла парвандаҳои ҷиноӣ алайҳи мудири собиқи нирӯгоҳи Норак М.Қурбонов, раиси шаҳри Табошар М.Зокирова ва раисони идороти андози Хуҷанду Ҳисорро мисол овардааст.
Аммо мунтақидон фаъолияти Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистонро ҳамчунон камранг шумурда мегӯянд, ин ниҳод то кунун ягон мавриди фасод дар зинаҳои болоии ҳукумати кишварро ошкор накарда, ба шикори “моҳичаҳо” саргардон аст.
XS
SM
MD
LG