Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон навзоде Роғуншоҳ номида шуд


Оғози маъракаи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон дар расонаҳои ҳамагонии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ бозтоби густардае касб кард. Бархе аз онҳо ин маъракаро омили муассири ваҳдат ва ҳамгироии ҷомеаи Тоҷикистон номида, бархи дигар даъватҳо ба сармоягузорӣ дар сохтмони Роғунро "хоҳиши маҷбуркунанда" ва фишори давлат ба мардуми бе ин ҳам камбизоат унвон кардаанд. Чандин расонаи ахбори ом ин хабарро нашр кардаанд, ки хонаводаи бобохоновҳо дар ноҳияи Ҷабборрасули вилояти Суғд ба писари навзоди худ Роғуншоҳ ном гузошта, орзу карданд, ки пас аз хатми мактаб дар бахши энержӣ таҳсил кунад.Дар ҳамин ҳол мақомоти расмии Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки дар рӯзи аввали фурӯш ба маблағи 92 миллион доллар саҳмияи Роғун харидорӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG