Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин сипари зиддимушакии Амрикоро мониа номид


Сарвазири Русия Владимир Путин барномаи сипари зиддимушакии Амрикоро як мониаи асосӣ дар роҳи ахзи тавофуқ бар сари паймони ҷадиди халъи силоҳҳои ҳастаӣ номид.
Замони эътибори паймони START дар аввали декабр поён ёфт ва Амрикову Русия мегӯянд, ба тавофуқ бар сари тарҳи паймони ҷадид наздик шудаанд.
Путин дар шаҳри Владивосток гуфт, мушкил ин аст, ки Амрико мехоҳад сипари зиддимушакӣ бисозад, вале Русия чунин барнома надорад. Сарвазири Русия гуфт, ин барнома тавозуни миёни қудратҳоро хароб мекунад: “Барои он ки ин тавозун нигоҳ дошта шавад, мо бояд таслиҳоти зарбазани таҳоҷумиро рушд бидиҳем. Мушкил дар ҳамин ҷо шурӯъ мешавад.”
Вошингтон аз барномаи сипари зиддимушакиаш билкулл даст накашидааст, вале раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар моҳи сентябр бо таҷдиди назар дар ин стротежӣ барномаи истиқрори бахшҳои ин сипар дар Чехияву Лаҳистонро лағв кард.
XS
SM
MD
LG