Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каррубӣ куштани эътирозгаронро маҳкум кард


Раҳбари мухолифини Эрон куштани эътирозгарон дар ҷараёни мухолифатҳои шадидеро, ки моҳҳост миёни тарафдорони мухолифин ва нирӯҳои амниятии Эрон идома дорад, маҳкум кард. Маҳдии Каррубӣ дар баёнияе, ки сомонаи интернетии мухолифин нашр кард, аз мақомоти Эрон пурсидааст, ки чигуна тавонистаанд дар рӯзҳои Ошӯро, муҳимтарин ҷашни аҳли ташайюъ даст ба рехтани хуни мардуми бегуноҳ бизананд? Телевизиони давлатии Эрон гуфт, ки рӯзи якшанбе дар Теҳрон бар асари хушунатҳо 8 нафар кушта шуданд. Пулис дар бораи боздошти беш аз 300 тан хабар додааст. Яке аз кушташудагон ҷияни номзади шикастхӯрда дар интихоботи раёсатҷумҳурии Эрон Мирҳусейни Мӯсавӣ будааст.
Телевизион мегӯяд, ки пулис даст доштанаш дар ин кушторро радд мекунад. Дастикмм ду сомонаи интернетии мухолифин –Ҷарас ва Роҳи сабз – ҳамзамон дар бораи рӯзи душанбе дар манзилаш боздошт шудани Иброҳими Яздӣ, як сиёсатмадори мухолиф хабар пахш карданд. Аммо ин хабар аз ҷониби манобеъи мустақил ҳанӯз таъйид ё такзиб нашудааст.
XS
SM
MD
LG